Дар шаҳри Хуҷанд як зан ҳамхонаашро ба қатл расонид. Ҷасади сокини 48-солаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд Василий Бегачёв рӯзи 24-уми феврал дар манзилаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ин ҷиноят аз ҷониби ҳамхонаи ӯ – сокини 44-солаи шаҳри Қайроққум Марина Шайхулина содир карда шудааст.

«В.Бегачёв дар ҳолати мастӣ бо дӯстдоштаи худ ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб мекунад. Сипас М.Шайхулина бо корди хоҷагӣ ба қафаси синаи ҳамхонааш зарба мезанад, ки дар натиҷа мард ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», - гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, далели шайъӣ дарёфту мусодира ва аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, 38 ҳодисаи куштор (соли 2011 – 41 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.