Нимаи дуюми дирӯз бар асари селфароӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Чанак дар мавзеи Ҳушёрӣ, ҳаракати мошинҳо мутаваққиф ва аз ҷумла плазаи толлингии воқеъ дар онҷои ширкат низ осеб дид.

Бино ба иттилои ширкати мазкур, сел ба қисми мошингузари роҳ баромада, сангу ҳар гуна ашёро бо худ мебурд.

«Ба ҷойи ҳодиса техникаи роҳдорӣ сафарбар гардид, ки роҳи убурро барои воситаҳои нақлиёт таъмин намуд. Барои пурра бартараф намудани оқибатҳои фаромадани сел тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд», - гуфта мешавад дар иттилои ширкат.

Қобили зикр аст, ки плазаи «Ҳушёрӣ» яке аз ҳафт плазаҳои толлингии воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанаки ширкати IRS аст. Механизми толлингии идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 31-уми марти соли 2010 расман ҷорӣ шуд.