Дар бозори «20-солагии истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ сӯхтор сар зад.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Сарраёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ доданд, соҳибкорон бо қувваи худ кӯшиши хомӯш кардани оташро кардаднд. Аз ин рӯ ба хадамот танҳо пас аз 40 дақиқаи сар задани сӯхтор, соати 14:50, хабар доданд.
«Бо ҳамин сабаб замони ба ҷойи ҳодиса расидани мошинҳои оташнишонӣ аллакай 800 метри мураббаи бозор ба коми оташ рафта буд ва дар маҷмӯъ моли 100 нуқтаи савдо сӯхт», - қайд кард сарчашма.
Дар хадамот иттилоъ доданд, ки ба ҷойи ҳодиса чор мошини оташнишонӣ сафарбар шуданд, ки дар натиҷаи корҳои фаврӣ паҳншавии минбаъдаи оташ пешгирӣ шуда, дар дваоми 3 соат он пурра хомӯш карда шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, зарари сӯхтор ба 600 ҳазор сомонӣ мувофиқ аст. Ба миқдори 2 млн. сомонӣ моли савдошаванда халос карда шуд . Сабабҳои сӯхтор тафтиш карда мешаванд.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста