Панҷ нафар сайёҳони амрикоӣ, ки дар кӯҳҳои ВМКБ бедарак шуда буданд, имрӯз дарёфт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти махсуси ҷумҳурӣ хабар дод, ояндаи наздик тавассути чархбол онҳо ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, вазъи шаҳрвандон амрикоӣ қаноатбахш буда, танҳо пои як нафар аз онҳо шикастааст. Онҳо изҳор кардаанд, ки бинобар коршоям набудани таҷҳизот, муддати се рӯз натавонистаанд, ки ба алоқа бароянд. Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса алҳол маълум нест.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар торнамои Outsideonline.com дар бораи дар кӯӯхои ВМКБ бедарак шудани панҷ нафар сайёҳони амриокӣ маълумот интишор гардид. Сайёҳони амрикоӣ - Бен Лак, Купер Ламбла, Матт, Нейт Клема ва Чарлз Кинг ахиран рӯзи 30-юми сентябр дар бораи ба хатар гирифтор шуданашон хабар додаанд.
Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи сайёҳии Помир Қирғизбек Канунов, тамоми сокинони Помир дар бораи бедаракшавии сайёҳони амрикоӣ огоҳ гардида, дар ҷустуҷӯи онҳо фаъолона саҳм гузоштанд.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста