Дар шаҳри Хуҷанд як ронанда аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни ҳаракат аз кӯчаи Чашма ба самти маҳаллаи 34-ум ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд Фаарух Ҳакимов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашина ба қубури обрасон бармехӯрад. «Аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардошта ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», - гуфтанд дар раёсати мазкур.

Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2012 – 207 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 100 нафар ҳалок ва 230 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Зимнан зикр гардид, ки 67 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки кӯдакон рух дода, дар натиҷа 18 нафар кӯдакон ҳалок ва 43 нафар ҷароҳат бардоштаанд.