Зимни зиёрати макони муқаддаси Ислом ду нафар зойирини тоҷик фавтиданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, сокини ноҳияи Синои пойтахт Ҳоҷӣ Талбак Одинаеви 73-сола рӯзи 6-уми октябр бар асари садамаи нақлиёт ба ҳалокат расида, истиқоматкунадаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ Абдувалӣ Қулматови 71-сола аз сактаи дил фавтидааст. «Мутобиқи шариати ҳаҷ, онҳо дар макони муқаддаси Ислом ҷаноза шуда, ҷасадашон дар оромгоҳи Шароеъи Макка ба хок супурда шуд», -иттилоъ медиҳад Кумитаи умури дин.

Ситоди ҳаҷи тоҷикистониёнро муовини раиси Кумитаи умури дин Мавлон Мухторов роҳбарӣ намуда, сардори шуъбаи ҳаҷ ва муносибатҳои байнулмилалии Кумита Абдуғаффор Юсуфов роҳбари гурӯҳи зойирини тоҷик дар Маккаву Мадина ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода масъули фатво дар тамоми давраи ҳаҷ таъин карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аввалин парвози зоирини тоҷик субҳи рузи 21-уми сентябр аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Гурӯҳи охирини зойирини тоҷик рӯзи 5-уми октябр ба Ҷидда омаданд. Имсол дар маҷмӯъ 6,3 ҳазор тоҷикистониён ба адои марсими ҳаҷ фиристода шуданд.

Бо назардошти коҳиши 20-фоизаи шумори квотаҳо барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат мекунанд. Қабл аз ин шумори онҳо 7,3 ҳазор нафар муқаррар шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Ин тасмим баҳри он гирифта шуд, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот, Мино ва Муздалифа идома доранд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.