Шокир Маталиеви 26-сола ва Мадина Акрамоваи 21-сола, ки бар асари садамаи нақлиёт бо гуноҳи Расул Амонулло, писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов осеб диданд, субҳи имрӯз аз шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (ММТ) рухсатӣ шуда, дар палатаҳои умумӣ муолиҷа мегиранд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ММТ хабар доданд.

«Маталиевро устухонҳои дасту пояш шикаста ҷиддӣ зарар дидааст ва ӯ чанд бори дигар боз ҷарроҳӣ мешавад, вазъи солимии М.Акрамова бошад, аллакай қаноатбахш аст», - гуфтанд дар марказ.

Азиза Рӯзиеваи 24-сола, боз як духтари аз ин садама соебдида аз дасту пой ва узвҳои дохилӣ ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, то ҳол дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз хешони ҷабрдида Маталиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «муддати панҷ рӯз баъди садама ҳеҷ касе аз намояндагони аҳли оилаи Ҳукумовҳо ба аёдати ҷабрдидагон наомадаанд, ки ҳадди ақал онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунанд».

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор , ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Пас аз баргузор намудани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса бо мақсади муайян кардани гунаҳкорони садамаи фоҷебаор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, ошкор шудааст, ки гунаҳкори ин садама Расул Амонуллои 16-сола будааст.