Осебдидагони садамаи нақлиётие, ки бо иштироки Расули Амонулло - писари роҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоқикистон” рух дод, нияти шикоят бурданро ба додгоҳ надоранд. Айни замон Шокир Маткамов, Азиза Рузиева ва Мадина Ахмедова бо ҷароҳатҳои гуногун дар Маркази миллии тиббӣ (ММТ) қарор доранд.
Ба гуфтаи зарадидагон, то имрӯз касе аз аҳли оилаи сабабгори садамаи нақлиётӣ ба аёдати онҳо наомадааст ва ягон ёрии молиявӣ нарасонидааст. “Агар онҳо инсоф дошта бошанд, омада хабар мегирифтанд... ба мо пули онҳо лозим нест”, - гуфт Шокир Маткамов.
Дар навори видеоӣ осебдидагон мегӯянд, ки ба додгоҳ шикоят бурданӣ нестанд. Онҳо сабаби қарори худро шарҳ надоданд, аммо илова карданд, ки ба кӯмаки молиявии сабабгори ин садамаи нақлиётӣ ниёз надоранд.
Тавре дар сӯҳбат бо Хабаргузории “Азия-Плюс” муовини сарвари ММТ Муродалӣ Сабуров изҳор дошт, шаби аз 8-ум ба 9-уми октябр ба Маркази миллии тиббӣ 6 тан зарардидагони садамаи нақлиётӣ оварда шуданд. Ду нафари онҳо аллакай фавтида буданд ва афроди боқимонда бо ҷароҳатҳои гуногун расонида шуданд. Дертар яке аз осебдидагон аз сабаби доштани ҳолати терминалӣ, дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ фавтид.
Чӣ тавре ки дар ММТ қайд карданд, устухонҳои дасту пойи Шокир Маткамов шикаста, ҷисмаш зарари ҷиддӣ дидааст ва ӯ чанд бори дигар ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Ҳамзамон вазъи саломатии Мадина Аҳмадова аллакай қаноатбахш аст.
«Боз як духтари дар ин садама осебдида - Азиза Рӯзиеваи 24-сола, ки дасту пояш шикаста, узвҳои даруниаш ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардоштаанд, то ҳол дар шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад», - гуфт Сабуров.
Дар ҳамин ҳол, яке аз хешовандони ҷабрдидагон ба Хабаргузории «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «муддати панҷ рӯз баъд аз садама ҳеҷ касе аз намояндагони аҳли оилаи Ҳукумовҳо ба аёдати ҷабрдидагон наомадаанд, ки ҳадди ақал онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунанд».
Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷиабор , ки шоми 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, 3 нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил гардиданд.
Пас аз гузаронидани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса, муайян шудааст, ки сабабгори ин садама Расул Амонуллои 16-сола будааст.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста