Бар асари садами фоҷеабор, ки рӯзи 13-уми октябр дар вилояти Самараи Русия рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Қумсангир Аҳкомуддин Худойназарови 43-сола ба ҳалокат расидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ронандаи микроавтобуси ба садама дучоршуда низ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Файзобод Дилшод Сатторови 35-сола будааст, ки ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил гардидааст ва айни замон вазъи солимии ӯ қаноатбахш арзёбӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми садама дар дохили микроавтобус 14 нафар мусофирон – ронанда, 11 шаҳрванди Ӯзбекистон, 1 нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доштаанд, ки аз шаҳри Нижний Новгород барои убури марзи Русия ба Қазоқистон раҳсипор будаанд. Дар шоҳроҳи М-32-и ин вилояти Русия бар асари бархӯрди микроавтобуси «Toyota» бо нақлиёти боркаши «Mersedes» садамаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷуз ронандаи микроавтобус, дигар тамоми мусофирони он ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, муайян кардани шахсияти фавтидагон хеле душвор аст, зеро қисмати зиёди ҷисми онҳо бар асари оташ гирифтани микроавтобус сӯхтааст.
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Истеъфо дар футболи тоҷик. Баъди шаш давр кӣ ба куҷо рафт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста