Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар робита ба садамаи нақлиёти фоҷеабор,ки бар асари он се нафар ҷон бохтанд, як изҳороте интишор намуд.

Дар изҳорот аз ҷула зикр мегардад, ки расонаҳои ахбори умум ба садамаи шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли ҷорӣ рухдода, ҳаргуна тобиши сиёсӣ дода, ишораи онро доранд, ки гӯё Вазорати корҳои дохилӣ майли аз ҷавобгарӣ дур сохтани гунаҳгоронро дошта бошад.

«Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ҳодисаи мазкур бо риояи тамоми талаботҳои қонуну қоидаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, нисбати он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишоти он идома дорад», - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар идома ҳамчунин таъкид мешавад, ки сарфи назар аз гунаҳкор будани фарзанди кадом шахси воломақом, ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар бораи макони будубоши гунаҳкори эҳтимолӣ имрӯз васоити ахбори умуми Тоҷикистон маълумоти зидду нақиз интишор мекунанд. Бино ба маълумоти бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» бидуни ифшои сарчашмаи хабар аз намояндаи тафтишот, Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ «бо мақсади табобати дасташ» дар Олмон қарор дорад. Вай гуфтааст, волидони ин наврас «ваъда додаанд, ки бо сиҳат шудани захми дасташ  фарзандашонро барои ширкат дар ҷараёни тафтишот ҳозир хоҳанд кард».

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо такя ба як сарчашма аз мақомоти интизомӣ иттилоъ медиҳад, ки Р.Амонулло аллакай боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе таҳти назорати кормандони мақомот ва табибон қарор дорад.

Дар маркази матбуоти ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» аз тасдиқ ё инкори маълумот дар бораи қаламрави Тоҷикистонро тарк кардани Р.Амонулло худдорӣ варзида, ваъда доданд, ки ояндаи наздик дар ин хусус маълумот пешниҳод хоҳанд кард.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Расул Амонулло аз рӯзи 11-уми октябр таҳти забонхати тарк накардани маҳалли зист қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Ҳамчунин чанде қабл ҳуқуқшинос, директори созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳуқуқи инсон»  Сергей Романов дар робита ба ин ҳодиса изҳор намуда буд, ки тафтишот бояд чӣ гуна ва аз куҷо дастрас шудани ҳуҷчати ронандагии ноболиғ Расули Амонуллоро, ки бо гуноҳи ӯ дар садамаи нақлиёт се нафар ҷон бохтанд, ошкор намояд.