Шокир Маҳкамов, яке аз осебдидагон аз садама бо иштироки писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон Расули Амонулло аз шуъбаи эҳёгари рухсатӣ ва палатаи умумӣ гузаронида шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардухтури Маркази миллии тиббӣ (ММТ)-и пойтахт Хайрулло Шарифов хабар дод, вазъи солимии Ш.Маҳкамов ва дигар осебдидагон аз ин садама рӯ ба беҳбудӣ меорад. «Шокир аз дасту поҳояш ҷароҳатҳои зиёди шикаставу захм бардошта, аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумии муолиҷа гузаронида шуд», - гуфт ӯ.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мурод, яке аз наздикони Шокир Маҳкамов дар ин робита изҳор намуд, ки вазъи солимии Шокир хеле беҳтар гардида, ӯ акнун мустақилона ғизо истеъмол мекунад.
Хешону наздикони ҷабрдидагон аз садама зикр мекунанд, ки аз ҷониби оилаи Ҳукумовҳо ҳамарӯза осебдидагон аёдат шуда, ба онҳо кӯмаки моддиву маънавӣ расонида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз чанде аз хабаргузориҳо бо истинод ба табибони ММТ иттилоъ доданд, ки Шокир Маҳкамов ба ҳуш наомада, ҳанӯз рӯзи 21-уми октябр дар беморхона фавтидааст.
Аз ҷумла, радиои «Озодӣ» менависад, ки рӯзи 23-юми октябр табибони ММТ хабар додаанд, ки пас аз ҷароҳатҳои хеле вазнин вазъи Шокир бад шуда, рӯзҳои ахир ӯ дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст ва рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба ҳуш наомада, фавтидааст.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Истеъфо дар футболи тоҷик. Баъди шаш давр кӣ ба куҷо рафт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2025
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста