Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шаби гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд Парвиз Сатторов зимни ҳаракат дар кӯчаи «50-солагии ИҶШС» қоидаи пеш гузаштан аз автомашинаи дигарро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Мерселес»-и таҳти идораи корманди Раёсати АНМН дар вилоят Абдухалил Ботурови 30-сола бармехӯрад.

«Бар асари бархӯрд А.Ботуров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронадаи «Опел»-у мусофири он ба бемористон мунтақил шуданд», - гуфтанд дар Раёсат.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 339 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 310 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 131 нафар ҳалок (соли 2012 – 135 нафар) ва 345 нафар (соли 2012 – 338 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.