Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Панҷакент Каримбердӣ Тайманови 44-сола дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шурноваи ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол Дилфуза Маматоваи 6-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта дар садамаҳои нақлиёт дар қаламрави вилоят 90 нафар кӯдакон осеб дида, 23 нафарашон ба ҳалокат расиданд.

Дар маҷмӯъ дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 339 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 310 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 131 нафар ҳалок (соли 2012 – 135 нафар) ва 345 нафар (соли 2012 – 338 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли гузашта 454 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 86 нафар ба ҳалокат расида, 359 нафар кўдакону наврасони то синни 16 сола чароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз он ҷумла ба ҳайси: пиёдагард-320 нафар, мусофир-97 нафар, велосипедист-27 нафар, ронанда-5 нафар.