Шаби 12 ба 13-уми январ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор сар зада, мағоза ва фурӯшгоҳҳои бахши савдои маҳсулоти саноатӣ ва мавриди ниёзи аввалияи мардум ба коми оташ рафтанд.

Ҳарчанд сӯхтор комилан хомӯш карда шуда бошад ҳам, то ҳанӯз ҷо-ҷо алангаҳои оташ пайдо мешаванд, вале акнун дигар хавфи гузаштанашон ба бахши мағозаву фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизойии бозор аз байн рафтааст.

Айни замон маълумоти мушаххасеро дар ин хусус дастрас кардан ғайриимкон буда, дар макони ҳодиса комиссияҳои гуногун, хадамот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули коранд.

Тибқи арзёбии пешакии оташнишонон, сӯхтор майдони 3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, 96 мағоза ва 382 фурӯшгоҳ ба коми оташ рафтаанд.

Дар хомӯш кардани сӯхтор аз 14 адад техникаи махсус, 4 автомашинаи обпошак, 2 пойгоҳи обкашӣ ва даҳҳо адад техникаи дигар истифода шудааст.

Феълан фарзияи корӣ (яке аз фарзияҳои зиёд) - расиши ноқилҳои барқӣ дар се нуқтаи ин бахши савдои бозор аст. Таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор идома дорад.