Зимни ҳаракат аз шаҳраки Ҷавонӣ ба самти ҷамоати Оби Гарм ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини шаҳри Роғун Алишер Маҳмадиеви 31-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба чуқурии 125 метр сарозер рафтааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷа мусофирони ноболиғи автомашина - Оламбибии Камолзодаи 1-сола, Махфират Саидоваи 13-сола ва Фирӯзҷон Ҳабибови 3-сола, ҳама сокинони шаҳри Роғун, ҷароҳатҳои  вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, мусофирони дигари автомашина - Давлатмоҳ Раҷабоваи 14-сола ва Ҷумъагул Саиднуриддиноваи 11-сола, сокинони шаҳри номбурда бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.