Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда муовини раиси ноҳияи Ҳисор, масъули бахши савдо ва иқтисоди ҳукумати ноҳия Нурмаҳмад Аҳмедови 48-сола бо автомашинааш ба садамаи нақлиёт дучор шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД ҶТ, Аҳмедов зимни ҳаракат бо автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» аз Ҳисор ба Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қаламрави деҳаи Обшорон автомашинааш ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Зубайдулло Азимови 38-сола бармехӯрад.

Тавре як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар натиҷаи ин садама мусофири автомашинаи тамғаи «Опел Астра» сокини 69-солаи Ҳисор Исматулло Холов ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар, аз ҷумла худи гунаҳкори садама низ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳукумати ноҳияи Ҳисор ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки миёни ҷароҳатбардоштагон аз ин садама боз як муовини дигари раиси ноҳияи Холбӣ Давлатова, масъули масоили бахши иҷтимоии ноҳия низ ҳузур доштааст, ки дар автомашинаи Аҳмедов будааст ва айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.

«Муовинони раиси ноҳияи Ҳисор ҷиҳати иштирок дар интихоботи аъзои нави палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ аз навоҳии тобеи марказ, ки санаи 15-уми феврал доир гардиданд, ба Душанбе сафар доштанд», - афзуд манбаъ.