Лағжиши як теппа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод ба ҳалокати 13 нафар аъзои як оила боис гардид, ки манзили зисти онҳо зери лойқа монд .

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шӯрообод хабар дод, дар ин деҳа боз 5 манзили зист пурра хароб гардидааст.

Дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ низ духтарчаи 6-сола Муҳаррама Раҳмоналӣ низ зери девори панҷараи селшуста монда, ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, офтаи табиӣ ба дигар деҳот низ зиёни назаррас расонида, вале талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида , деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд.