Дар вилояти мухтори Ханти-Мансийски Русия дар назди шуъбаи пулис кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зодагони Тоҷикистонро лату кӯб карданд. Ин ҳодиса дар камераҳои мушоҳидаи видеойӣ наворбардорӣ гардида, гуноҳи кормандони пулис исбот шудааст. Дар ин бора ВАО-и Русия иттилоъ медиҳанд .

Бино ба иттилои «Информинг» , се нафар зодагони Тоҷикистон - бародарон Сабуровҳо, ки шаҳрванди Русия будаанд, барои арзу шикоят ба шуъбаи пулис омадаанд. Як бародари дигари онҳоро аз Русия барои он истирдод кардаанд, ки ӯ ба гирифтани шаҳрвандии Русия фурсат пайдо накарда, реҷаи шиносномавиро риоя накардааст  ва ба ақидаи бародарон, ин амал ғайриқонунӣ будааст.

Аммо дар назди даромадгоҳи шуъбаи пулис миёни онҳо ва корманди хадамоти посбонӣ сержант Ростислав Ефремов муноқишаи лафзӣ сар зада, он ба ҷанҷолу занозанӣ бадал мешавад, ки баъдан кормандони дигари пулис ба кумаки ҳамтояшон мешитобанд.

Зодагони Тоҷикистонро бо пойҳову чӯбдасти резинӣ (дубинка) лату кӯб мекунанд, ки дар натиҷа яке аз бародарон бо ҷароҳатҳои бардошта аз сараш дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Lifenews қайд мекунад, ки чун кормандони дар ҷанҷол ширкатдоштаи пулис дарк мекунанд, ки пинҳон кардани ин далел ғайриимкон асту гузашта аз ин, ҳамаи ҳодиса пеши чашмони шоҳидон рух додаву дар навори камераҳои видеойии назди шуъбаи пулис сабт шудааст, онҳо ба Кумитаи тафтишот ариза навишта, изҳор мекунанд, ки гӯё Сабуровҳо ба онҳо дарафтода, кормнадони пулисро лату кӯб кардаанд.

Аммо муфаттиш сабти навори камерахои видеоиро санҷида, ба хулоса расидааст, ки дар муноқиша кормандони пулис ҳам на камтар аз ҳарифонашон гунаҳкоранд ва гунаҳкори аслии сар задани муноқиша сержант Ефремов мебошад.

«Нисбати сержант мутобиқи моддаи «Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифода аз зӯроварӣ ва воситаҳои махсус» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парвандаи ҷиноӣ танҳо нисбати сержант Ефремов боз шуда, нисбати боз се нафар ҳамкорони ӯ санҷиш идома дорад», - хабар додааст ба LifeNews» сарёвари роҳбари Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти мухтори Ханти-Мансийск Елена Скобелева.

Гуфта мешавад, кормандон мақомоти пулис низ мустақилона корҳои тафтишотӣ анҷом медиҳанд ва агар гуноҳи Ефремов исбот шавад, пас ӯро сабукдӯшӣ аз кор бо сабабҳои манфӣ ва ҳамчунин ҷазо мутобиқи қонунгузории амалкунанда интизор аст. Дар ҳамин ҳол, ин ҳодиса аз вазифаҳо озод шудани бевосита роҳбарони сержантро низ дар пай дошта метавонад.