Деҳқонони хоҷагиҳои фермерии шаҳри Турсунзода барои андешидани тадбирҳои наҷоти ҳосил аз ҷола, ки тайи се рӯзи ахир ба заминҳои кишти онҳо таҳдид мекард, ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон арзи сипос мекунанд.

Фермери маҳаллӣ Ҳабибулло Дӯстов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки наҷотдиҳандагони Кумита танҳо муддати чанд рӯзи ахир тариқи таҷҳизоти зидди ҷола абрҳои ҷолаоварро аз фазои болои заминҳои кишти онҳо дур кардаанд.

Ба гуфтаи фермер, муддати солҳои зиёд касе чунин амали муназзами наҷотдиҳандагони тоҷик дар шаҳри Турсунзодаро дар хотир надорад.

Қобили зикр аст, ки дар ин рӯзҳои офати табиӣ дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шабонарӯзӣ дар адои хизматанд.