Роҳбари Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов изҳор доштааст, ки дар қаламрави маркази савдои «Москва» дар Люблино иҷорадеҳ шаҳрванди Тоҷикистонро бо корд захмӣ кардааст.
Бино ба иттилои сомонаи ташкилот , шаҳрванди Тоҷикистонро озарбойҷонӣ захмӣ намуда, ӯ ба бемористон мунтақил шудааст. «Албатта, ҷинояткор миллат надорад, аммо дар ин ҳолат миллати ҷинояткор муҳим аст, чунки корфармои тоҷик шаҳрванди Чин мебошад, ки ба ин ҷиноят даст надорад», - иброз доштааст ӯ.
Ба қавли номбурда, ин ҷиноят паҳлӯи маънавӣ ҳам доштааст, ки «номаш хиёнат аст». «Ба шаҳрванди Тоҷикистон намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав хиёнат карданд, ки ба сафорати Тоҷикистон дар Русия фарзияи бардурӯғи ҳодисаро хабар дода, гуфтаанд, захмишуда «дузд» аст. Иҷорадеҳи амволашро дуздида, аз қафои ин дузд давида, дар назди метрои «Люблино» ба ӯ мерасад ва бо корд зарба мезанад», - қайд кардааст Шарипов.
Ба андешаи К.Шарипов, «намояндагони хадамоти муҳоҷират дар Маскав дурӯғ мегӯянд ва бо як мақсад ба ҳамватани худ хиёнат мекунанд - пинҳон нигоҳ доштани содир шудани ҷиноят дар қаламрави маркази савдои «Москва».
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста