Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 19-солаи ноҳияи Фархор рӯзи 7 июн зимни ҳаракат дар кӯчаи марказии ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш духтарчаи 6-соларо пахш мекунад, ки бар асари он духтарча ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳамин рӯз дар қаламрави ҷамоати Раҳмонови шаҳри Турсунзода низ як духтарчаи 6-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «Хундай Соната», муталлиқ сокини 34-солаи ноҳияи мазкур монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.