Бар асари як ҳодисаи нохуш дар вилояти Суғд 5 нафар бинокорон осеб дида, ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса нимаи авали рӯзи 7 июн дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Исфара рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, 5 нафар бинокорон ҳамаашон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. «Ҳангоми таъмири хонаи истиқоматӣ вақти ба ҷойи дигар кӯчонидани нардбони оҳанӣ, он ба хатти баландшиддати барқ расида, аз зарбаи шиддати барқ коргарони 50 ва 51-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки боз 3 нафар бинокорони осебдида дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудаанд.