Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон шаби гузашта аз як худкушӣ пешгирӣ карданд.

Тавре дар сомонаи Кумита хабар дода мешавад, як зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе қасди худкушӣ кардааст.

“Навбатдори ШКД Сино-2 соати тахминан 00:38 дақиқа  дар ин бора ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дода, гуфтааст, зан мехоҳад аз болои пули роҳи оҳани шафати шаҳраки 103 худро ба замин партояд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад дастаи зудамали Раёсати Кумита дар пойтахт ба ҷойи ҳодиса расида, шаҳрвандро аз ин роҳ баргардонд ва ӯро аз болои пул поин овард.

Зикр мешавад, ки сипас ин зан барои таҳқиқу тафтиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд, то сабаби қасди худкушӣ таҳқиқ шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.