Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон расман 15-уми июн оғоз гардид. Давоми 10 рӯз дар кӯлу дарё ва обанборҳои кишвар 31 кас ғарқ шуданд, ки 11 нафарашон кӯдакон мебошанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КҲФ ВА МГ-и ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, танҳо давоми шабонарӯзи гузашта се ҳодиса ба қайд гирифта шудааст: калонсолтарин шахси дар об ғарқшуда 24-сола ва 2 нафарашон ноболиғонанд.

“Барои дарёфт ва аз об берун овардани ҷасадҳо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷалб гардиданд. Ҷасадҳо ба мақомоти дахлдор супурда шуданд”, - гуфт Юсуфӣ.

Бо вуҷуди огоҳии чандинкаратаи КҲФ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об ва оббозӣ накардан дар ҷойҳои манъшуда, одамон ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳама гуна ҳушдору маҳдудиятро нодида мегиранд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.