Шаби 2-юми июл дар манзили истиқоматии сокини деҳаи Баҳори шаҳри Панҷакент Баён Солиев сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он келини хонадон бо 2 фарзанди хурдсолаш фавтиданд.

Бино ба иттилои ВКД, сӯхтори мазкур шабона соати 23:18 дақиқа рух додааст. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, ки он аз қисми оташнишонӣ дар масофаи 37 км ҷойгир аст, аланга 70 метри мураббаъ болопӯш ва дохили манзили истиқоматиро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии он ба дигар биноҳои ёрирасон ва манзилҳои шаҳрвандон вуҷуд дошт. Зимни амалиёти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ шуда, сӯхтор бо истифода аз як адад нақлиёти соҳавӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.

То ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, дар натиҷаи сӯхтор келини соҳибхона Таҳмина Каримова, соли таваллудаш 1977 бо фарзандонаш Меҳваршои чаҳорсола ва Талабшои дусола ба ҳалокат расиданд.

Инчунин соҳибхона Баён Солиев, соли таваллудаш 1964 дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо 99% сӯхтагии бадан ва 30% сӯхтагии роҳҳои нафас бистарӣ шудааст.

Сабаб ва гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад. Зарар аз сӯхтор 7780 сомонӣ буда, маблағи молу мулки эмин нигоҳдоштаи оташнишонон ба 122 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Дар ҷойи ҳодиса роҳбарияти Хадамоти давлатии оташнишонӣ, прокуратура, гурӯҳи фаврии ШВКД дар шаҳри Панҷакент ва дигар хадамоту мақомоти дахлдор ҳузур доштанд. Тафтишоти ин қазияро прокуратураи шаҳри Панҷакент анҷом медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.