Дар ҷамоати деҳоти Чортеппаи деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ нимаи дуюми рӯзи 5 декабр бар асари таркиши балони гази моеъ дар манзили сокини 62-солаи ҳамин ҷо Алиқул Ҳасанов бародарарӯси номбурда Бобомурод Ҳаитови 36-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, соҳибхона Алиқул Ҳасанов дар беморхонаи №3 шаҳри Душанбе бистарӣ гаштааст.

Гуфта мешавад, сабабҳои таркиши балони газ ва зиёни расида аз онро мутахассисони соҳавӣ таҳқиқ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2016 истифодаи балони газ дар хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе манъ шуд.

Ин муқаррарот аз ҷумла, ба хонаҳои 5-ошёна ва баландтар аз он дахл дорад. Барои риояи нашудани ин талабот ҷарима барои шахсони воқеӣ - 240 сомонӣ ва шахсони мансабдор - 880 сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.