Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  дар Душанбе ҷасади духтараки 12-соларо аз обанбори канори Боғи Айнӣ берун овардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин духтар ҳамроҳ бо хоҳари  10-солаи худ дар обанбори канори Боғи Айнӣ рӯзи 1 июл ҳангоми убур дар ҷои пешбининашуда ба канал афтода, ғарқ шуда буд.

Ҷасади якеро наҷотбахшони Кумита худи ҳамон рӯз пайдо карда, ба наздиконаш супорида буданд ва  кофтукови дувумин идома дошт.

Хуршед Ҳамроев, падари духтарони ғарқшуда - Мунаввараи 12-сола ва Марями 10-сола, ки рӯзи якуми июл дар обанбори канори Боғи Айнии пойтахт ғарқ шуда буданд, қаблан аз ҳукумати шаҳри Душанбе хоста буд, чанд соат оби обанбори канори Боғи Айниро хушк кунанд, то наҷотбахшон тавонанд ҷасади духтарашро пайдо намоянд.

«Мавҷи об тезу сард аст, ёфта наметавонанд. Ҳукумат обро хушк кунад, даромада кӯдакро гиранд," – гуфта буд Хуршед Ҳамроев рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ.

Ҳамроев гуфтааст, ки бо сабаби набудани панҷара духтаронаш ба канали обрез даромадаанд, ки атрофи он панҷара печонида шудааст

Қаблан КҲФ бо нашр намудани хабари дарёфти ҷасади духтари 10-сола аз тамоми тоҷикистониёни муқими кишвар даъват намуд, ки дар наздикии кӯлу дарёҳо фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки то 15 июни соли равон беш аз 60 нафар дар рӯду каналҳои кишвар ғарқ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.