Дар пайи боришоти шадиди рӯзи гузашта дар баъзе манотиқи кишвар сел омада, хисорот низ ворид шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гшаҳрвандии Тоҷикистон, шоми 2 апрел бар асари боришоти борон маҳаллаи 3-юми кӯчаи Зуҳал, роҳи асосии маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд зери сел мондаанд.

Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови низ сел омадааст.

“Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу, қисман зери об мондааст", - гуфтанд дар КҲФ.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст.

“Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст”, - таъкид мекунад КҲФ.

Қисме аз роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ низ зери лойобаву сангреза мондааст.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд 2 мошини “Газел”-ро аз лойоба наҷот доданд.

Бахше аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ аз лой тоза карда шудааст.

Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд.

“Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - гуфтанд дар КҲФ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.