Вазген Манасян - собиқадори футболи тоҷик, ҳамлагари дастаи “Помир”-и Душанбе, собиқ ёвари сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон дар 66-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, марҳум дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон зиндагӣ мекард ва шаби 9-уми январ вафот кард.

Вазген Манасян аз соли 1980 то 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Дар ин муддат вай дар ҳайати бошгоҳи Душанбе 425 бозӣ гузаронида, 123 гол задааст.

Соли 1986 дар лигаи якуми ИҶШС 27 гол ба самар расонида, беҳтарин нишонзани мусобиқот эътироф гардид.

Соли 1992 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон як бозӣ анҷом дод.

Соли 1996 ба фаъолияти футболбозиаш хотима бахшид.

Соли 2011 сармураббии дастаи “Локомотив”-и Тошканд таъйин шуд.

Вазген Манасян аз соли 2013 то 2015 ёвари Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд.

Акс аз сомонаи ФФТ

Дар шарҳи ҳол:

Вазген Игнатович Манасян 13-уми марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада буд. Солҳои 1975-1979 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таҳсил карда, ҳамзамон, дар ҳайати дастаи донишкада дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ кардааст.

Моҳи сентябри соли 1979 ӯро ба дастаи “Помир” даъват карданд. Ҳамон сол фурсати ворид кардани ӯ ба ҳайати асосӣ гузашта буд. Манасян дар ҳайати эҳтиётӣ бозӣ мекард ва дар он ҷо аз худ дарак дод.

Аз соли 1980 дар ҳайати асосии “Помир” бозӣ мекард. Дар мавсими аввали худ ӯ дар ҳамаи 46 бозии чемпионат ширкат карда, 16 гол задааст. Дар мавсимҳои минбаъда ҳам голи бисёре зада, ки дар натиҷаи “Помир” яке аз дастаҳои пешсафи Лигаи якум шуд. Дар чемпионати соли 1986 вай 27 гол задааст.

Дар мавсими соли 1988 ӯ ба даста кӯмак кард, ки дар мусобиқоти Лигаи якум медали тило ба даст орад ва ба Лигаи олӣ роҳ ёбад. Дар натиҷа, бо 120 гол ба қатори нишонзанҳои Лигаи якум шомил шуд. Дар Лигаи олӣ ӯ чандон сермаҳсул бозӣ накард, дар се мавсим ҳамагӣ 3 гол зад.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи апрели соли 1992 ӯ “Помир”-ро тарк карда, ба “Зенит” (Санкт-Петербург, Русия) гузашт. Дар Санкт-Петербург 4 бозӣ дар мавқеи “нимҳимоятгари ҳуҷумкор” гузаронид. Осебҳои пай дар пай боис шуд, бо мувофиқаи тарафайн ӯ шартномаро қатъ кунад.

Дастаи "Помир"
Акс аз бойгонӣ

Ӯ ба Душанбе баргашт ва баъди барқарор кардани саломатиаш ба Украина рафт ва дар он ҷо чанд мавсимро дар клуби “Ворслка” аз Лигаи якум гузаронд ва шаҳрвандии Украинаро гирифт.

Фаъолияти худро соли 1996 дар дастаи “Индустриа” (Боровск) дар Лигаи дуюми Русия ба охир расонд. Вай ба Полтава баргашт ва дар он ҷо ба фаъолияти мураббигӣ пардохт.

Аз декабри соли 2003 мураббии бошгоҳи Волочанин-Ратмир буд. Соли 2004 аз даста рафт. Дар соли 2005 ӯ бо клуби “Новороссийск”, ки дар лигаи ҳаваскорони округи федералии ҷанубӣ бозӣ мекард, кор кардааст. Солҳои 2006-2007 ба “Колос”-и Павловская роҳбарӣ мекард.

Дар ибтидои соли 2011 ба вазифаи сармураббии дастаи “Локомотив”-и Тошканд, ки дар Лигаи якуми чемпионати Ӯзбекистон баромад мекард, таъйин гардид. Баъдтар ӯ узви ҳайати мураббиёни клуб шуд.

Солҳои охир ба футболи Тоҷикистон низ иртиботи зич дошт ва дар тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои алоҳида ба ҳайси мушовир ё ёвари сармураббӣ кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.