Субҳи имрӯз, 9-уми апрел дар пайи фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар минтақаи ноҳияи Рӯшон шоҳроҳи мазкур муваққатан баста шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ).

Манбаъ навиштааст, ки тарма соати 06:50-и субҳ дар киломатри 492-юми шоҳроҳ дар ҳудуди деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон фаромд ва дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Ба гуфтаи КҲФ, дар ҳоли ҳозир масъулин роҳро аз тарма тоза мекунанд, вале маълум нест, ки ин масир кай боз мешавад.

Ин ниҳод бори дигар ёдрас шудааст, ки то 11-уми апрел дар натиҷаи боришоти шадиди пешбинишуда дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар, махсусан шоҳроҳҳо хатари омадани тарма, сел ва сангрезаву дигар офатҳои табиӣ имкон дорад.

Ба гуфтаи КҲФ хатари фаромадани тарма, сангрезӣ ва омадани сел махсусан дар роҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим ва Хоруғ – Мурғоб боқӣ мемонад.

Дар пайи ин, КҲФ аз ронандагон хостааст, ки пеш аз сафар дар бораи ҳолати роҳҳо маълумот гирифта, нақлиёти худро барои ҳаракат дар ҳангоми бориши барф омода кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.