Бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти шимоли Тоҷикистон 8 коргар аз Афғонистон ҳалок шудаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон бо истинод ба намояндагони ҳукумати “Толибон”* хабар медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора маълумот надодаанд.
Аз ҷумла, нашрияи Etilaatroz акс ва ному насаби ҳалокшудагонро чоп карда, хабар додааст, ки ҳамаи ҳалокшудагон сокинони вилояти Дойкундӣ будаанд. Манбаи нашрия иттилоъ додааст, ки ҳодиса нимаи рӯзи 9 май дар яке аз конҳои истихроҷи ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст. Сабаби таркиш ҷамъшавии газ дар дохили кон арзёбӣ мешавад.
Etilaatroz менависад, ки субҳи рӯзи 10 май ҷасадҳои ҳалокшудагон ба Афғонистон расонида шудаанд.
Бино ба маълумоти нашрия, коргарони афғонистонӣ дар яке аз ширкатҳои паймонкори Афғонистон, ки ба ширкати фаръии холдинги “Фароз” (чанд сол пеш ихтиёрӣ барҳам дода шуд) ҳамкорӣ доштааст, машғули кор будаанд.
Манбаъ ширкати паймонкорро дар “бесалоҳиятӣ” ва таъмин набудан бо муҳандисони ҳирфаӣ айбдор кардааст.
Ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳоло шарҳ надодааст. Талошҳои хабарнигори "Азия-Плюс" барои гирифтани иттилоъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти оташнишонӣ ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ бенатиҷа анҷомид.
Дар хабари нашрияи Etilaatroz гуфта мешавад, бар асари бекорӣ дар Афғонистон, шаҳрвандони ин кишвар, бахусус ҷавонон барои дарёфти кор ба кишварҳои ҳамсоя рафта, ба меҳнати вазнин, аз ҷумла дар саноати кӯҳкорӣ машғул мешаванд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.





Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста