Дирӯз, 7-уми октябри соли равон ҷасади Ҷамилаи Нурзоди 30-сола, як сокини шаҳри Ваҳдати Тоҷикистонро, ки дар Маскав кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, ба хок супоридаанд. Дар куштори ин зан як шаҳрванди Русия муттаҳам аст.
Радиои Озодӣ менависад, ки гумонбар Владимир Упадишев, сокини 49-солаи шаҳри Головинскии Маскав буда, додгоҳ рӯзи 6-уми октябр қарори ҳабси пешакии ӯро содир кардааст. Ӯ ҳоло дар боздошт аст.
“Тибқи фарзияи тафтишот, ин мард рӯзи 21-уми сентябри имсол Ҷамила Нурзоди 30-соларо, ки дар ошхонае кор мекард, барои тамиз кардани манзили зисташ киро кардааст. Зан ифлосии хонаро дида, аз тоза кардани он даст мекашад, вале ин мард ба ғазаб омада ба руй ва бадани ӯ бо печтоб ё отвёртка зарба мезанад. Вақте Ҷамила беҳуш мешавад, Упадишев барои руйпуш кардани ҷинояташ хонаро оташ задаву дарро баста гурехтааст”, - менависад ин расона.
Ба навиштаи манбаъ, ҳамсояҳо чун дудро мебинанд, ба сӯхторнишонон хабар медиҳанд. Ҷамила Нурзодро ба шифохона мебаранд ва ӯ онҷо вафот мекунад.
Онҳое, ки Ҷамиларо мешинохтаанд, ба ин расона гуфтаанд, “муноқиша ва муқовимат байни ӯ ва ин мард баъди он сар задааст, ки Упадишев мехостааст, ба номуси зан дастдарозӣ кунад”.
Назари худи гумонбар ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳом маълум нест.
Гуфта мешавад, ки Ҷамила Нурзод сокини шаҳри Ваҳдат буда, як писари хурдсолаш дар кишвар будааст. Ӯ дар Маскав муҳоҷир буда, дар ошхонае кор мекард.
Бояд гуфт, ҳодисаҳои куштори бераҳмонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам нест. Соли 2022 Далер Бобиев, як кӯдаки 5-солаи тоҷик аз дасти парастори худ, ки шаҳрванди Русия буд, бо бераҳмии махсус кушта шуд, ки ҷасадашро баъди ним сол аз дохили халтае дар ҷойи мошинҳо пайдо карданд.
Ҳамчунин, ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола вокуниши густурдае дар пай дошт. Ӯ рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуда, як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Пас аз панҷ оли мурофиаҳои додгоҳӣ, соли 2023 Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия дар содир намудани ҷинояти вазнин – таҷовуз ва куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Бояд гуфт, куштори тоҷикон аз дасти шаҳрвандони Русия аксаран аз ҷониби мақомоти ин кишвар расонаӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ ва ё ҷинояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз ҷониби расонаҳо ва ҳам мақомоти Русия барҷаста ва густурда паҳн карда мешавад. Махсусан, баъди ҳодисаи “Крокус Сити” чунин равиш батадриҷ афзуда, фишор рӯйи муҳоҷирон ва қонунҳои муҳоҷират сангин шудааст.





Изҳороти ҷавонони тоҷик дар СОР30 рӯнамоӣ мешавад. Онҳо барои ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим чӣ пешниҳод карданд?
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллии “ORIZ” ба фаъолият оғоз кардааст
Ҷазои 1 ҳазору 312 падар ва модар дар Душанбе барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандонашон
Аз Турсунзодаву Қаноат то Низорамоҳ Зарипова. Китоби наве бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор шуд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, то имрӯз бо Тоҷикистон чанд хона, иншооти иҷтимоӣ ва замин табодул шудааст
Куштори пурсарусадо дар Рӯдакӣ. ВКД бори аввал аксу ҳувияти гумонбарро ошкор кард
280 нуқтаи фурӯш ва 20 мағоза сӯхтаанд ё зарар дидаанд. Мақомот сӯхтор дар бозори Панҷакентро шарҳ доданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 20
Тоҷикистону Эрон хатсайрҳои нави ҳавоӣ боз мекунанд: ба Киш ва Машҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста