Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ дар шимоли кишвар миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд. Аз вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст ва ду нафар гумонбаршудагон боздошт гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, вазни маводи мусодирашуда ба 103 кило баробар аст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида. тафтишот идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.
Ёдрас мекунем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба миқдори 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 24,3 дарсад зиёдтар аст.



Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста