Душанбе. 5-уми сентябр. - Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи ниҳоӣ аз рӯи даъвои журналист Холиқи Сангин алайҳи радиои «Озодӣ» ба фоидаи журналисти тоҷик ба итмом расид.

            Ҳамоҳангсози Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Воҳидов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки суд радиоро муваззаф кардааст, ки музди давраи бекорбудаи рӯзноманигорро пардохт намояд.

            «Ҳалнома то ҳанӯз ҳукми қонуниро нагирифтааст ва дар сурати норизо будан ҷонибҳо метавонанд шикояти кассатсионӣ баранд», - зикр кард манбаъ.

            Ёдрас мекунем, ки мурофиаи мазкур моҳи ноябри соли 2007 оғоз гардида буд. Холиқи Сангин даъво оварда буд, ки қарордоди меҳнатӣ бо ӯ аз ҷониби радиои «Озодӣ» ғайриқонунӣ бекор шудааст ва талаб дошт, ки радио ба ӯ 50 ҳазор доллари ИМА товони зарари маънавӣ диҳад.