Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Пивоваренная компания «Балтика» аз болои Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хӯрокворӣ»-и Тоҷикистон нисбат ба истифодаи технологияи ин ширкат дар тайёр кардан ва тарзи ороиши шишаи он дар истеҳсоли пивои «Арал» дар Тоҷикистон даъво кардааст, ки ҳуқуқи муаллифии ширкат поймол карда шуданд. Дар иттилоияи ҶСК «Балтика» гуфта мешавад, ки унвонии корхонаи Тоҷикистон мактуб ирсол гардида, талаб карда шудааст, ки аз истифодаи ғайриқонунии моликияти зеҳнӣ даст кашанд ва агар ба ин кор хотима дода нашавад, ширкат ба додгоҳ аризаи даъвогӣ пешниҳод хоҳад намуд.
Дар ҳамин ҳол, муовини директории генералии КВД «Хӯрокворӣ» Абдураззоқ Маҷидов гирифтани мактубро тасдиқ намуда, таъкид сохт, ки воқеан ҳам шакли шиша ва нишони пивои «Арал»-и истеҳсоли Тоҷикистон ба пивои «Балтика»-и ширкати Русия шабоҳат дорад, аммо корхонае, ки ин нӯшокиро истеҳсол мекунад, ба КВД «Хӯрокворӣ» ҳеҷ муносибате надорад.
«Пивои «Арал» дар корхонаи хусусии «Охунов»-и шаҳри Хуҷанд истеҳсол мешавад ва мо дар номаи ҷавобӣ ба ширкати «Балтика» тавсия додем, ки ба ин ширкат муроҷиат намояд», - гуфт А.Маҷидов.



Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста