Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бекор кардани ҳукми қатл, ки 10-уми октябри ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, роҳбари Комиссияи Аврупо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон Норбер Жустен дар изҳороти интишоршудаи комиссия изҳор доштааст, ки «Иттиҳоди Аврупо бар он умед аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукми қатл пурра бекор карда хоҳад шуд».
Гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон 21-уми майи соли 2007 пас аз ворид сохтани тағйироту илова ба Сарқонуни кишвар ба ҷуз барои баъзе ҷиноёт, ҳукми қатл бекор карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст.
Дар Тоҷикистон соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълон гардида, аз ин ба баъд дар кишвар ба ивази ҷазои ҳукми қатл ҳабси якумра амал мекунад. Дар Ӯзбекистон низ аз 1-уми январи соли 2008 қонуне ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳукми қатл ба ҳабси дарозмуддат ё якумра иваз карда шуд. Дар Туркманистон ва Қирғизистон низ ба ҳукми қатл моратория эълом шудааст.
Мувофиқи маълумоти Комиссияи Аврупо, феълан дар 137 кишвари дунё ҳукми қатл истифода намешавад.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста