Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали додситони кулли ҷумҳурӣ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки аз рӯи парвандаи ҷиноии Сӯҳроб Лангариев, ки ҳангоми баргузории амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Кӯлоб боздошт гардид, 16 нафар ба ҳабс гирифта шуданд.
Номбурда афзуд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. «Барои ошкор сохтани ҳамаи паҳлӯҳои парвандаи ҷиноӣ тафтишот ҳанӯз идома дорад», - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Лангариеви 29-сола 27-уми май зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои трасмиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаҳои убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳарду кишвар гурӯҳи трансмиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯхроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт», - таъкил кард манбаъ.



Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста