Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта кормандони Раёсати зудамали фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ ду шаҳрванди Афғонистон - Нурулло валади Абдуллои 45-сола ва Муҳаммад Акбар валади Ғуломмуҳаммадро боздошт намуданд, ки ҳангоми кофтуков аз онҳо 128 бастаи дорои хокаи сафедмонанд дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мувофиқи хулосаи ташхис муайян гардид, ки ин хока маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин буда, вазни он 1045,5 граммро ташкил медиҳад.
«Ҳангоми баргузории амалиёти иловагии фавриву ҷустуҷӯӣ боз як шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ёқуб валади Абдулазизи 65-сола низ боздошт шуд, ки аз пинҳонгоҳи махсуси ҷомадони ӯ ба миқддори
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон узви яке аз гурӯҳҳои ҷинояткор мебошанд ва айни замон дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошта мешаванд.



Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста