Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи дубора ва мувофиқасозии Қарорҳо ва Муқаррарот дар бораи Комиссияи кишварҳои иттиҳод оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор мешавад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Тоҷикистон таҳия шудаанд ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин соҳа аксари кишварҳои узви иттиҳод манфиатдоранд. Як қатор асноди асосӣ оид ба ин масъала аз ҷониби сарони 10 кишварҳо маъқул шуморида шудааст.
Дар иттилои хадамоти матбуоти кумитаи иҷроия гуфта мешавад, ки феълан ба масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳайати мақомоти ИДМ сохторҳои назорати маводи нашъаовар (Русия, Тоҷикистон) ва воҳидҳои вазорати умури дохилӣ (милиса) машғул буда, ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи ИДМ дар ин самт мувофиқи салоҳияти худ Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳо ва Дафтари ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ баҳри мубориза бо ин падидаи номатлуб низ фаъолият мекунанд.



“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста