Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти ҷудогона» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки тибқи он, дар Тоҷикистон
кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад.
Намояндаи мардуми Лтофат Шарифова гуфт, пешниҳод дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо аз ҷониби ҳукумат ирсол шудааст ва дар сурати тасдиқи онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ барои фаъолият дар доираи воридоту содирот, фурӯш, коркард, истеҳсол, истифода ва нобуд сохтани маводи радиоактивӣ иҷозатномаи махсус ҷорӣ мегардад.
Ба гуфтаи Латофат Шарипова, пешниҳодоти мазкур аз ҷониби МАГАТЭ ва дигар созмонҳи байнулмилалӣ дастгирӣ ёфтааст. «Қабули тағйироти мазкур дар қонунгузорӣ ҳамчунин ба таъмини амният, беҳбуди вазъи экологӣ ва иҷрои ӯҳдадории байнулмилалии ҷумҳурӣ оид ба паҳн накардани маводи ҳастаӣ низ нигаронида шудааст», - афзуд намояндаи мардумӣ.
Тағйирот ва иловаҳои мазкурро намояндагони мардумӣ бидуни баҳсу мунозира якдилона тасдиқ карданд.



Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста