Хуҷанд 13-умси июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се ҳолати содир шудани ҳукми қисман бегуноҳӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳукмҳои қисман бегуноҳӣ аз ҷониби додгоҳҳои ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва Кӯҳистони Мастчоҳ бароварда шудааст.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Спитамен гумонбаршуда тибқи моддаҳои 109 (Ба худкушӣ расонидан) ва 247 (Қаллобӣ) бегуноҳ дониста шуд. Дар ноҳияи Ашт айбдории гумонбаршуда тибқи моддаи 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) бекор карда шуда, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз шаш нафари гумонбаршуда 3 нафарашон аз рӯйи моддаи 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) бегуноҳ дониста шуданд.
Соли равон аз ҷониби додгоҳҳои вилояти Суғд ҳукмҳои пурра бегуноҳӣ содир нашудаанд.
Директори Иттиҳодияи ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» (Душанбе) Нурмуҳаммад Халилов дар робита ба ин масъала мегӯяд, чунин вазъ бозгӯи он аст, ки феълан дар Тоҷикистон заминаи қонунгузорӣ ба ислоҳот ниёз дорад.
«Ба шумори ҳукмҳои сафедкунанда ҳамчунин дастрасии саривақтӣ ба ҳимоягар низ таъсир мегузорад. Барои даст ёфтан ба тағйири вазъ ҳамчунин тағйири муносибати мақомоти додгоҳӣ нисбат ба заминаи исботӣ зарур аст. Ҳама гуна шубҳаҳо бояд ба манфиати айбдоршаванда маънидод гарданд», - зикр намуд Халилов.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста