Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Таъсиси шӯъбаи махсуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Роғун ба бастани бозорҳои ғайриқонунии машғул ба фурӯши масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мусоидат кард, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов.

Ба қавли ӯ, дар ин бозорҳо аслан масолеҳи сохтмони аз майдони нерӯгоҳи «Роғун» дуздидашуда фурӯхта мешуданд.

«Айни замон далелҳои дуздии масолеҳ ва таҷҳизот аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»  ба миқдори беҳад зиёд камтар шудаанд, вале фикр мекунам, ки то ҳанӯз ҳодисаҳои ба коррупсия даст задан мавҷуданд», - гуфт ӯ.

Ф.Саидов ҳамчунин гуфт, чанде қабл дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба гумони даст доштан дар дуздии маводи сӯзишворӣ якчанд сарбозону афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд.