Зимни як амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар қаламрави шаҳри Душанбе се нафар шаҳрвандони қирғиз, ки ба гумони қатли собиқ роҳбари маъмурияти президенти Қирғизистон Медет Содирқулов таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ қарор доштанд, боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалиёти кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ду кишвар Қодирбек Досонови 40-сола бо лақаби «Ҷинго», Чингиз Ҷумъагулови 30-сола ва Мирлан Шоқулиеви 25-сола дастгир шудаанд.
«Ҳамаи онҳо дар як бинои таҳхона дар қаламрави ноҳияи Сино пинҳон шуда буданд», - гуфтанд дар вазорат.
Гуфта мешавад, боздоштшудагон пас аз содир намудани ҷиноят дар қаламрави Аморати Муттаҳидаи Араб паноҳ бурдаанд. Сипас тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд. Айни замон ҷиҳати боздошти аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпеша чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз ҳамтоҳои тоҷики худ дархости истирдоди онҳоро кардааст ва айни замон ин масъала мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Собиқ роҳбари маъмурияти президенти Қирғизистон Медет Содирқулов рӯзи 13-уми марти соли 2009 дар яке аз минтақаҳои наздики шаҳри Бишкек кушта шуда буд.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста