Дар Душанбе нисбат ба парвандаи марги маҳкумшуда Исмоил Бачаҷонови 32-сола ҳукми додгоҳ содир шуд.

Ин ҷо сухан дар бораи Исмоил Бачаҷонов меравад, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум гардида буд ва додгоҳи ноҳияи Сино ба ӯ минбаъд реҷаи низоми шадиди адои ҷазоро ба реҷаи зиндон иваз карда буд. Дар замони ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ӯ ба боздоштгоҳи тафтишотӣ оварда шуда, фиристодани ӯ ба ҳуҷраи зиндон пешбинӣ гардида буд. Аммо баъди чанде Бачаҷонов ҳангоми мунтақил шудан аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуд. Баъдтар Додситонии кулли ҶТ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Се нафар кормандони боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ – Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3, банди «в» (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) ва 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста шуда, Латиф Давлатов мутобиқи моддаи 322, қ. 2-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) айбдор дониста шуд.

Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов ба муддати 8 сол ҳар кадоме аз озодӣ маҳрум карда шуданд, аммо бо истифода аз қонуни афв онҳо 6-солӣ дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунанд. Латиф Давлатов ба муддати 3 соли зиндони реҷаи умумӣ маҳкум гардида, мутобиқи қонуни афв аз адои мӯҳлати ҷазо озод карда шуд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон», ҳимоягари ҷониби ҷабрдида Абдураҳмон Шарифов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар маҷмӯъ мурофиаи додгоҳӣ ба таври объективӣ сурат гирифта, додгоҳ тамоми далелҳоро ҳамаҷониба ва пурра мавриди баррасӣ қарор дод, аммо дигар шахсони мансабдоре, ки зимни иҷрои вазифаи хидматиашон дар қаламрави муассисаи пӯшида ин ҷиноят содир шудааст, ҳеҷ ҷазое нагирифтаанд.

«Чизи дигар он аст, ки мутобиқи баёноти шоҳидон муайян гардид, ки нисбат ба И. Бачаҷонов чораҳои ба истилоҳ «тарбиявӣ» истифода шудаанд, ки аз онҳо ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат расидааст. Аммо дар матни айбнома истифодаи шиканҷа зикр наёфтааст ва гуфта мешавад, гӯё Бачаҷонов бар асари сарашро ба девор задан ҷароҳат бардоштааст, ки ин далел аз ҷониби комиссияи судиву тиббӣ тасдиқ нашудааст», - гуфт ҳимоягар.

Шарифов ҳамчунин гуфт, ҷониби ҷабрдида аз давлат пардохти ҷубронпулиро талаб хоҳад кард. Ҷониби ҷабрдидаро дар додгоҳ ҳамсари фавтида намояндагӣ кард.