Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ду нафар ноболиғон бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилоят Ҷӯрахон Мадиев хабар дод, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод Далер Раҳимов (соли таваллуд 1992) ва Бедили Раҳмоналӣ (соли таваллуд 1994)-ро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми кофтуков аз борхалтаи наврасон 4 килову 870 грамм героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.