Дар натиҷаи тафтишоти дохилии ВКД-и Тоҷикистон дар робита ба қазияе, ки дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмаснури пойтахт ба вуқӯъ пайваст, се нафар кормандони шӯъбаи мазкур аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Қазия ба интиқоли гумонбаршуда ба як қатор амали дуздӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола дар ҳолати вазнин ба Маркази миллии тиббӣ рабт дошт, ки пас аз ҷарроҳӣ ӯ ба ҳалокат расида буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, барои риоя накардани меъёрҳои тартиботи бозпурсӣ муфаттиши масъули парвандаҳо оид ба дуздӣ ва ду нафар кормандоне, ки Шодиевро боздошт карда буданд, аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд. Айни замон ному насаби кормандони аз мансаб озодшуда маълум нест.
Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дуздӣ баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.
«Баҳромиддин Шодиев қаблан се бор маҳкум шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор амалҳои дуздӣ боздошт гардид. Ҳамаи далелҳо исбот ва гумонбаршуда гуноҳи худро эътироф карда, далелҳои шайъӣ мусодира гардида буданд. Ҳангоми бозпурсӣ дар назди муфаттиш ӯ аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканд. Сипас ӯро ба бемористон мунтақил карданд. Пас аз чанде вазъи саломатии ӯ беҳтар шуд, вале Шодиев бар асари бемории узвҳои дохилӣ ва касалии сил ба ҳалокат расид», - хабар дода буд ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.
Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.
Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.
Аз ҷумла дар изҳороти ташкилот гуфта мешуд, «эътилоф аз ҳукуматдорон талаб мекунад, ки бобати ин қазия фавран тафтишоти мустақил ва беғаразонаву дақиқ гузаронида шуда, ба пешниҳоди маърази ом гардонидани он кафолат дода шавад. Ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф , айбдоршавандагон бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд».




Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста