Суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати Rolkan Investmens Ltd – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро дар қочоқи қисмҳои эҳтиётӣ, нақзи қавонини ҳамлу нақли байнулмилалии ҳавоӣ ва убури ғайриқонунии марз айбдор дониста, ҳар кадомеро ба муддати 10,5 соли зиндон маҳкум кард, вале дар асоси истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо мӯҳлати ҷазоро ду сол кам карда, мутаносибан он ба 8,5 сол баробар шуд.

Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост кард, ки онҳоро мутобиқи ҳамаи айбҳои пешниҳодгардида гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба муддати 13 сол аз озодӣ маҳрум намояд.

Прокурор зимни суханронии худ ин далелро бо он асоснок кард, ки айби ҳарду халабон дар ҷараёни мурофиаи судӣ пурра тасдиқи худро ёфт. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин аз суд дархост кард, ки ҳарду ҳавопаймо ва муҳаррики дохили яке аз онҳо ба фоидаи давлдт мусодира карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, қабл аз содир шудани ҳукм мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кабаев изҳор кард, ки ба ҳукми озод кардани халабонон умедвор аст. «Мо хоҳони он нестем, ки миёни муносиботи кишварҳоямон ягон ангезае манфӣ пайдо шавад», - гуфт буд ӯ.

Халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investmens Ltd, ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст, шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко баҳори соли равон дарҳол пас аз фурудоии маҷбурӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт шуда буданд. Ҷониби айбдоркунанда исрор мекунад, ки ҳавопаймоҳо қаламрави Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда ба қочоқи таҷҳизоти ҳавопаймоӣ даст доранд. Ба ақидаи мақомоти тафтишот, халабонон ният доштанд, ки ба таври махфӣ муҳаррики ҳавопаймо ба маблағи 225 ҳазор доллари ИМА-ро ба Русия ворид созанд.

Ба қавли халабонон, онҳо тибқи шартнома бо ҳукумати Афғонистон, дар ҳавопаймоҳои нави Ан-72 ба ҳамлу нақли маҳсулот ва кӯмаки башардӯстона дар ин кишвар машғул будаанд. Дар таърихи 12-уми март халабонон аз Кобул бармегаштанд ва барои пур кардани ҳавопаймо бо сӯзишворӣ ният доштанд, ки ба майдони ҳавоии Қӯрғонтеппа фуруд оянд. Ба гуфтаи халабонон, дар бораи фурудоии транзитӣ ва таъмини ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ онҳо бо намояндагони мақомоти марбутаи Тоҷикистон мувофиқа ҳосил карда будаанд.

Ҳангоми парвоз онҳоро огаҳ сохтаанд, ки Душанбе иҷозати дахлдор барои фуруд омаданро намедиҳад ва онҳо бояд ба Кобул баргарданд.

Ба гуфтаи Садовничий, ба Кобул баргаштан хеле душвор буд, зеро дар фурудгоҳи Кобул реҷаи низомӣ амал мекунад ва он ҷо наметавонистанд базудӣ ҳавопаймоҳои русиягиро қабул намоянд. Ҳамчунин барои интизор шудан ба қабул дар фурудгоҳи Кобул маводи сӯзишворӣ низ кифоя набуд.

Дар суд халабон гуфт, аз ин рӯ, бо назардошти муқаррароти Кодекси байнулмилалии ҳавоӣ ва бо мақсади таъмини амнияти гурӯҳи корӣ ва худи ҳавопаймо ӯ тасмим гирифтааст, ки дар бораи фуруд омадани маҷбурӣ дар майдони ҳавоии Қӯрғонтеппа дархост кунад. Халабони ҳавопаймои дигар низ чунин амал кардааст.

Дар суд адвокати халабонон Ғулом Бобоев хабар дод, ки ҳарду ҳавопаймо пас аз фуруд омадан аз ҷониби кормандони гумрук аз назар гузаронида шуда, дар бораи дар дохили онҳо мавҷуд набудани чизҳои манъшуда, аз ҷумла маводи нашъаовару аслиҳа санад тартиб дода шудааст. «Ҳамчунин айбдоркунӣ дар мавриди ғайриқонунӣ убур намудани сарҳад низ беасос аст. Судшавандаҳо бо худ ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иҷозати убури марзро доштанд», - гуфт Бобоев.

Намояндаи ширкати Rolkan Investmens Ltd Валерий Пфефер қаблан изҳор карда буд, ки паси панҷара қарор гирифтани халабонон ба ду ҳавопаймои нодир рабт дорад. «Ин ҳавопаймоҳо ба касе хеле маъқул шудаанд. Ин ҳавопаймои нодир буда, ба Арктика ва Қутби Шимол парвоз анҷом додаанд. Дар Тоҷикистон онҳо метавонанд ба ҳама гуна замини кишти пахта фуруд оянду парвоз кунанд. Ба ин монанд ҳавопаймоҳоро ҳатто амрикоиҳо надоранд. Халабонон бошанд, ба сифати гаравгонону таҳдид истифода мешаванд», - изҳор кард Пфефер.