Халабонони маҳкумшуда ва адвокати онҳо аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа шикояти кассатсионӣ бурданд.

Тавр е ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Ғулом Бобоев хабар дод, шикоят дар зиёда аз 50 саҳифа тартиб дода шуда, ҳам далелҳои халабонон ва ҳам далелҳои ҷониби ҳимояро дарбар мегирад.

«Чанде пештар ман шикоятро ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа супурдам ва аз он ҷо шикоят бояд ба зинаи болоӣ – суди вилояти Хатлон фиристода шавад. Дар муддати як ҳафта шикоят бояд баррасӣ шавад», - гуфт вай.

Бобоев қайд кард, ки халабонон худро аз рӯйи се модда гунаҳкор намешуморанд ва ба ҳукми содирушад қатъиян розӣ нестанд. «Дар шикоят онҳо муқобили ҳукми суд далелҳои асоснок пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, дар робита ба айбдорӣ ба қочоқ онҳо мегӯянд, агар онҳо маҳсулоти қочоқ медоштанд, пас чаро кормандони гумруки фурудгоҳ ҳарду ҳавопайморо аз назар гузаронида, дар бораи мавҷуд набудани бори ғайриқонунӣ санад тартиб доданд? Ногуфта намонад, ки ин санад ба парвандаи ҷиноӣ замима шудааст. Лаҳзаи дигар ба убури ғайриқонунии сарҳад марбут аст. Вале чаро дар шаҳодатномаҳои шахсият (шиносномаҳо)-и халабонон мӯҳри гузаргоҳи назоратии шаҳри Кобул мавҷуд аст?», - мегӯяд адвокат.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ҷиҳати машврат бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Маскав рафт. Чанде қабл Юрий Попов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қазияи мазкурро баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи мушовир-сафири намояндагии дипломатии Русия Владимир Ваниев, дар ин мулоқот «ҷониби Тоҷикистон изҳор кардааст, ки ба масъала расидагӣ хоҳад кард, то ки ба муносибатҳои ду кишвар халал ворид нагардад». Ваниев афзуд, дар ин қазия бисёр чиз ба суди зинаи болоӣ вобаста аст. «Суд суд аст ва меъёрҳои конститутсионӣ низ мавҷуданд», - илова кард номбурда.