Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳор медорад, қатли сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои барфӣ дошт, бар асари як ҷанҷоли маъмулӣ содир шудааст.

Сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилооти дар як қатор ВАО интишоршуда дар бораи ҷанбаи мазҳабӣ доштани ҷинояти мазкурро ғайривоқеӣ арзёбӣ кард. «Ҷавонони ба П.Давлабеков дарафтода дар ҳолати мастӣ қарор доштанд», - гуфт намояндаи ВКД.

«Ба ҷуз гумонбаршудагони боздоштшуда дар содир намудани ин ҷиноят – донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шариф Давлатов ва ҳаммаслакони ӯ – Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев, боз ду нафар ҷавонон, сокинони шаҳри Душанбе низ мавриди ҷустуҷӯ эълон шуданд», - афзуд манбаъ.

Шаби 2-юми январ дар кӯчаи Синои пойтахт сокини 24-солаи шаҳри Душанбе Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои Барфӣ пӯшида буд, ба қатл расонида шуд. Пас аз ин ҳодиса П.Давлатбеков бо ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи корд ба яке аз беморхонаҳои пойтахт оварда шуд, вале сарфи назар аз кӯшишҳои табибон, ба ҳуш наомада, ҷон додааст.