Дар рустои наздишаҳрии Тӯдакавши ноҳияи Кӯлоб дар натиҷаи ҷанҷоли оилавӣ мард ба ҳамсари ҳомиладори худ бо корд дарафтода, ӯро аз ҳаёт маҳрум сохт.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳамсояҳо ҳикоят карданд, зиндагиву рӯзгори оилаи ҷавон бо ду кӯдаки хурдсолро маҳз зан бо фурӯши нон дар бозори Кӯлоб ҳамаҷониба таъмин мекардааст. Мард бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ коре пайдо накарда, аз ҳамсараш барои эҳтиёҷоти худ маблағи пулӣ талаб мекардааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳрӣ хабар дод, ба гумонбаршуда дар куштор иҷозати ҳабс дода шуда, ӯ ба боздоштгоҳи тафтишотӣ гузаронида мешавад.